Иҷозаномаи ҶДММ “Суғуртаи Шарқ” аз нав барасмият дароварда шуд

Иҷозаномаи ҶДММ “Суғуртаи Шарқ” аз нав барасмият дароварда шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12-уми апрели соли 2018 таҳти №56 мутобиқи банди 1-и моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин банди 1-и боби 10 дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Шарқ” ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, ба муҳлати то 19 августи соли 2020 аз нав ба расмият дароварда шуд.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Шарқ” аз 19 августи соли 2015 беэътибор дониста мешавад.

Инчунин, дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12-уми апрели соли 2018 таҳти №50 мутобиқи моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 12-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти Суғуртавии “Дариён Бима” бекор карда шуд.

Ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шуд, ки оид ба қарорҳои мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ